Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомади латукӯби доварони футбол


Ба иттилои масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон, рафтори ношоистаи мураббиёну футболбозони «Регар» ТадАЗ дар ҷаласаи кумитаи одоби Федератсия баррасӣ шуд.

Барои латукӯби доварон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ, ба маблағи 2000 сомонӣ, бозигари даста Даврон Эргашев ва духтури даста Ҳотам Бобоҷонов ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима андохта шуданд.

Ҳамчунин Эргашев дар 5 бозӣ ширкат нахоҳад кард. Ҳабибуллоев дар 5 бозӣ ва Бобоҷонов дар 3 бозӣ аз ҷои муқарраршудаи худ дар варзишгоҳ маҳрум гаштанд.

Дар навбати худ номаи эътирозии раҳбарони бошгоҳи футболи «Регар» ТадАЗ дар комиссиюни коршиносӣ-доварии Федератсияи футболи кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба иттилои раиси ин комиссиюн Мирзо Маҳмадҷонов бар асоси Кодекси доварӣ ба сардовари ин бозӣ Рустам Холов ва ёвари ӯ Мустафо Исломов кумитаи доварони Федератсия ҷазо муайян хоҳад кард.

Чунон ки пештар хабар дода будем, давраи дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон 5-уми сентябр бо бозии дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳузури 10 ҳазор тамошобин шурӯъ шуд, вале ин қувваозмоии мудаъиёни унвони қаҳрамонӣ бо латукӯби доварон хотима ёфт.

Пас аз голи Нӯъмон Ҳакимов, ҳамлагари «Вахш», дар дақиқаи 83-юм, дар замони изофӣ Комил Саидов, бозигари меҳмонон, тӯбро вориди дарвозаи мизбонон кард.

Вале сардовар Рустам Холов пас аз машварат бо ёвари худ Мустафо Исломов голи Комил Саидовро ҳисоб накард ва дастаи «Вахш» ғолиб шуд. Аз ин ҳукми доварон роҳбарону мураббиён ва футболбозони «Регар» ТадАЗ ба хашму ғазаб омада, бархе аз онҳо доваронро латукӯб карданд.
XS
SM
MD
LG