Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон ба водии Фарғона лӯлаи нави газ мекашад


Ширкати давлатии “Узбекнефтегаз” мегӯяд, дар моҳи равон ба манзури таъмини беҳтари вилоёти водии Фарғона бо гази табиӣ лӯлаи гази Оҳангарон-Пунгонро мавриди истифода қарор медиҳад. Ҳазинаи эҳдоси ин лӯлаи 165-километрии газ, ки тавассути ағбаи Қамчиқ ва бидуни убури қаламрави Тоҷикистон кашида хоҳад шуд, 492 миллион доллар ва иқтидори солонаи нақлиётиаш 10 миллиард метри мукааби газ баровард шудааст. Узбакистон то ҳол барои транзити газаш ба вилоятҳои водии Фарғона, ки тавассути вилояти Суғди Тоҷикистон анҷом мешуд, ба Душанбе қимати мушаххасе пардохт мекард.
XS
SM
MD
LG