Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқодҳо аз шеваи амалиёти раҳоии Стивен Фаррел


Гурӯҳи хабарнигорони афғон шеваи анҷоми амалиёти раҳоии хабарнигори New York Times Стивен Фаррелро, ки мунҷар ба ҳалокати як хабарнигори афғон, як сарбози бритониёӣ ва ду ғайринизомӣ шуд, ба боди интиқод кашиданд.
Маҳфили матбуотии Афғонистон нирӯҳои байналмилалиро дар қатли ҳамкасби низ аз ҷониби ҷангиёни толиб рабудашудаи худ Султон Мунодӣ ва дар маҳалли ҳамла партофтани ҷасади ӯ айбдор кард. Мунодӣ рӯзи чоршанбе дар ҷараёни амалиёти наҷоти хабарнигори New York Times кушта шуд.
Матбуоти Бритониё низ зарурати истифодаи нирӯ дар замонеро, ки музокирот бо гаравгонгирон зоҳиран ба хубӣ пеш мерафт, ба чолиш кашидааст.
XS
SM
MD
LG