Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавес аз эътирофи Сухумиву Схинвалӣ хабар дод


Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес, ки бо сафаре дар Русия ба сар мебарад, имрӯз эълон кард, ки кишвараш истиқлолияти ҳарду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистонро эътироф мекунад. Чавес ба ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дар Кремл гуфт, ки Венесуэла “аз имрӯз” истиқлолияти Абхозистон ва Осетияи ҷанубиро ба расмият мешиносад: “Венесуэла дар амри эътирофи истиқлолияти Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон ба Русия мепайвандад. Мо аз имрӯз он ду вилоятро ба расмият мешиносем.”
Медведев ба Чавес изҳори сипос карда, ҳамчунин гуфтааст, ки Русия Венесуэларо бо таслиҳоте, ки мехоҳад, аз ҷумла бо тонкҳои хуб таъмин хоҳад кард.
Русия истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубиро дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли гузаштааш бо Гурҷистон эътироф кард. Аммо то кунун ба ҷуз аз Маскав танҳо Никарагуа он ду вилоятро ба расмият шинохтааст.
XS
SM
MD
LG