Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе пойтахти фарҳанги исломӣ хоҳад шуд


Созмони байналмилалии фарҳанг ва илму маорифи исломӣ Душанберо пойтахти фарҳанги исломии қораи Осиё дар соли 2010 эълон кардааст. Ниёзбек Қаландаров, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, ба хабаргузории “Авасто” гуфтааст, ба ин муносибат як силсила барномаҳои вижа таҳия ва тасвиб шудаанд. Аз ҷумла соли оянда дар Душанбе як ҳамоиш дар мавзӯъи “Тоҷикон ва фарҳанги исломӣ”, анҷумане бахшида ба 1200-солагии Имом ал-Бухорӣ, як нишаст дар мавзӯъи “Нақши зан дар Ислом” ва сабқати қориёни Қуръон доир хоҳанд шуд. Ба гуфтаи сухангӯ, соли оянда ҳамчунин китоби мусавваре бо номи “Душанбе – маркази тамаддуни исломӣ” бо забонҳои тоҷикиву англисӣ ва русиву арабӣ бо теъдоди 2 000 нусха нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG