Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либоси ягона барои омӯзгорони тоҷик


Вазорати маорифи Тоҷикистон мехоҳад ба зудӣ барои устодони макотиб либоси ягона ҷорӣ кунад. Бино ба навиштаи хабаргузории CA-News, масъалаи либоси ягона барои омӯзгорон бояд дар ҷаласаи навбатии ҳайъати мушовараи вазорати маориф баррасӣ шавад. Намунаҳои либоси ягонаи омӯзгорон феълан дар дасти таҳияи тарроҳони либос қарор дошта, сипас бояд барои муҳокима дар матбуот нашр шавад.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан дандонҳои тилоӣ, пӯшидани рӯсариву доманҳои кӯтоҳ ваё ба таъбири роиҷ, минӣ-юбка, истифодаи телефонҳои мобил ва мошинҳои шахсиро дар макотиб барои омӯзгорону толибилмон манъ карда буд. Ҷашнҳое, чун Занги аввалу охир ва Иди Алифбо низ дар макотиби Тоҷикистон манъ шудааст. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин ҳама иқдомот таҳкими интизом ва беҳбуди савод аст, вале мунаққидон муассирияти чунин ислоҳоти зоҳирро зери шубҳа мегузоранд.
XS
SM
MD
LG