Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду ходими пойгоҳи низомии Русия


Ду корманди қарордодии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Кучма ва Вячеслав Чернов бо иттиҳоми қатли як ронандаи таксӣ боздошт шудаанд. Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ин ҷиноят дар моҳи август дар ноҳияи Хуросон, 60-километрии ҷануби Душанбе содир шуда, гумонбарон низ шоми дирӯз дар ҳамон ноҳия боздошт шуданд. Ба гуфтаи мақомот, фармондеҳии пойгоҳи низомии Русия аз ин қазия дар ҷараён гузошта шуда, таҳқиқи парвандаро муфаттишони тоҷик муштаракан бо намояндагони пойгоҳи низомии Русия анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG