Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Қатори Душанбе -- Маскав" (Қисми 2)


Умед ва модараш апаи Фирӯза, июни соли 2009.

Умед ва модараш апаи Фирӯза, июни соли 2009.

Дар ин бахш аз филми журналисти тоҷик Мӯъмин Шокиров бинанда бо Умед Раҳимови 28-сола шинос мешавад, ки бори даҳум ба Русия сафар мекунад.

Модари Умед, омӯзгори мактаби деҳа ҳар дафъа вақти гусели ӯ ашк мерезад ва ғаймгин мешавад. Умед мегӯяд, аслан намехоҳад, сафар кунад, вале маҷбур аст. Ба гуфтаи вай, агар дар худи Тоҷикистон кори хуб медошт, ҳаргиз ба Русия намерафт.

Дар ҳамин қисми филм қатор шабона аз вокзали шаҳри Душанбе ба роҳ медарояд ва дили ҳама ноором аст, зеро медонанд, ки аввалин мушкилиҳо онҳоро дар марзи Узбакистон интизор аст. Бахши аввали филми "Қатори Душанбе -- Маскав" ин ҷост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG