Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ Муҳаммад ал-Бародаӣ гуфт, Эрон набояд аз пешниҳоди Вашингтон дар бораи оғози дигарбораи муколама ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои марбут ба барномаи ҳастаиаш бо ҷомеаи ҷаҳонӣ саркашӣ кунад.

Изҳороти ал-Бародаӣ дар ҳоле садо дод, ки вазири умури хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ ба намояндагони шаш қудрати ҷаҳонӣ (панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ – ИМА, Фаронса, Русия, Чин ва Бритониё бо иловаи Олмон) пешниҳодоти нави кишварашро таслим кард. Намояндаи Теҳрон дар Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ Алӣ Асғар Султонӣ, хабар дод, ки як нусхаи бастаи пешниҳодҳои навро ба Ҳовиер Солано, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо фиристодааст.

Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс, гуфт, Вашингтон пешниҳоди нави Эрон барои азсаргирии гуфтушунидҳои шашҷонибаи барномаи ҳастаии он кишварро баррасӣ хоҳад кард.

Аз ин пеш, Глин Дейвис, намояндаи Иёлоти Муттаҳида дар Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ гуфта буд, кишвараш аз он нигарон аст, ки Техрон барқасдона кӯшиш дорад, то қобилияти тавлиди силоҳи атомиро ҳифз кунад. Ба гуфтаи ӯ, гузориши тозаи муассисаи мазкур нишон медиҳад, ки Эрон ба тавлиди бомби атомӣ бисёр наздик шудааст ва ё миқдори ураниуми ғанишудаи ғализии поёнро ҳосил кардааст, ки барои тавлиди як бомб кофист.

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, пешниҳодҳои нав чолишҳои саросарӣ, аз ҷумла ҳамкориро дар бахши ҳастаӣ дарбар мегирад, аммо онҳо ба таври возеҳ ишора карданд, ки Теҳрон барои музокирот атрофи фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаиаш омода нест.
XS
SM
MD
LG