Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Венесуэла танк медиҳад


Имрӯз дар Маскав музокироти сарони Русия бо раисҷумҳури Венесуэла Уго Чавес доир мешавад. Қарор аст ба думболи мулоқотҳои Чавес бо раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва сарвазир Владимир Путин чанд созишнома, аз ҷумла, дар бахшҳои энерҷй, кишоварзй ва мошинсозй имзо шавад. Муовини сарвазири Русия Игор Сечин хабар дод, Маскав, аз ҷумла, имкони содироти теъдоди зиёди танкҳо барои артиши Венесуэларо баррасӣ мекунад. Дирӯз раисҷумҳури Венесуэла Уго Чавес дар ҷараёни сафараш ба Белорус пешниҳод кард, ки иттиҳоди нави ҷаҳонй – Иттиҳоди ҷумҳуриҳо таъсис шавад. Ва аммо Чавес нагуфт, ки аз нигоҳи ӯ, ба ин Иттиҳоди нав ба иловаи Венесуэла ва Белорус боз кадом кишварҳо метавонанд шомил шаванд.
XS
SM
MD
LG