Пайвандҳои дастрасӣ

Танқиди СММ аз иқдомоти Исроил


Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, тасмими ҳукумати Исроил барои бунёди манзилҳои нав дар Каронаи бохтарии руди Урдунро «нақзи ҳуқуқи байнулмилалй» номид. Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак рӯзи душанбе тарҳи сохтмони 455 манзили навро пазируфт, ки бештари онҳо дар минтақаҳои бузурги яҳудинишин бунёд хоҳанд шуд. Дабири кулли СММ аз Исроил даьват кард, аз ин тарҳ даст бардорад ва ба ин васила монеъа дар роҳи эҳёи музокироти сулҳ бо фаластиниҳоро аз байн бардорад. Қаблан, Иттиҳоди Аврупо ҳам аз тасмими ҳукумати Исроил барои бунёди манозили нав дар қаламрави ишғолй изҳори нигаронй карда буд. Исроил мегӯяд, тасмим дар бораи бунёди хонаҳои нав бо афзоиши аҳолй дар маҳаллаҳои яҳудинишин бастагӣ дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG