Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон


Як бобмгузори маргталаб имрӯз камарбанди худро дар наздикии як пойгоҳи НАТО дар Афғонистон мунфаҷир карда, дасти кам ду ғайринизомии афғонро кушт ва чанд сарбози хориҷиву маҳаллиро маҷрӯҳ кард. Рӯзе пештар аз ин мошини бобмгузоришудае дар назди дарвозаи пойгоҳи ҳавоии Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ дар Афғонистон дар шаҳри Кобул таркид, ки дар натиҷа се ғайринизомӣ ҳалок ва нӯҳ тани дигар аз ҷумла, чаҳор сарбози хориҷӣ маҷрӯҳ шуданд. Аз моҳи январи соли равон то кунун дар Афғонистон бештар аз 300 сарбози хориҷӣ кушта шуда ва соли 2009-ро ба соли пурталафот ба нерӯҳои хориҷӣ табдил доданд.
XS
SM
MD
LG