Пайвандҳои дастрасӣ

Насиҳати Ал- Бародаӣ ба ҳукумати Эрон


Муҳаммад Ал-Бародаӣ - мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ имрӯз гуфт, Эрон набояд пешниҳоди Амрико барои ёфтани роҳи ҳалли барномаҳои атомиашро рад кунад. Ал-Бародаӣ ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи шӯрои ҳуккоми Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар шаҳри Вена гуфт, ҳукумати Эрон бояд пешниҳоди раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама барои муколамаро пайгирӣ кунад. Айни замон қарор аст, буд имрӯз вазири умури хориҷаи Эрон пешниҳодоти кишвараш барои музокирот доир ба барномаҳои атомиро ба шаш қудрати ҷаҳонӣ ироа кунад. Пештар аз ин Глин Дейвис - намояндаи Иёлоти Муттаҳида дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфт , кишвараш “бисёр нигарон аст”, ки Эрон ҳамчунон аз барномаи тавлиди бомби атомӣ даст кашиданӣ нест. Ба гуфтаи вай, гузориши тозаи муассисаи мазкур нишон медиҳад, ки Эрон ба тавлиди бомби атомӣ бисёр наздик шудааст ва ё миқдори ураниуми ғанишудаи ғализии поёнро ҳосил кардааст, ки барои тавлиди як бомб кофист.
XS
SM
MD
LG