Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти раҳоии хабарнигори гаравгон


Нерӯҳои махсуси Бритониё дар Афғонистон имрӯз як гузоришгари рӯзномаи “Ню Йорк Таймс”-ро аз дасти ҷангҷӯёни Толиб раҳо кардаанд. Стивен Фаррелро рӯзи шанбе ҳангоми сафараш ба маҳалли ҳамлаи мушакии нерӯҳои НАТО дар шаҳри Қундуз ҳамроҳи тарҷумонаш рабуданд. Мақомоти Бритониё мегӯянд, яке аз сарбозони худро дар амалиёти субҳи имрӯз талаф доданд. Стивен Фаррел ҳодисаи рабудани мошинҳои боркаши НАТО ва ҳамла ба тундравонро таҳқиқ мекард, ки бар асари он мардуми мулкӣ ҳам ҳалок шудаанд. “Ню Йорк Таймс” ба хотири амнияти хабарнигор хомӯшӣ ихтиёр намуда ва аз дигар рӯзномаҳо ҳам хостааст, ба он пайравӣ кунанд. Бино ба гузоришҳо, тарҷумони хабарнигор ҳангоми амалиёт кушта шудааст, вале маълум нест аз тири кадом тараф.
XS
SM
MD
LG