Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА:"Эрон ба тавлиди бомб наздик шудааст"


Ҳукумати Амрико мегӯяд, “бисёр нигарон аст”, ки Эрон ҳамчунон аз барномаи тавлиди бомби атомӣ даст кашиданӣ нест. Глин Дейвис - намояндаи Иёлоти Муттаҳида дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфт, гузориши тозаи ин муассиса нишон медиҳад, ки Эрон ба тавлиди бомби атомӣ бисёр наздик шудааст ва ё миқдори ураниуми ғанишудаи ғализии поёнро ҳосил кардааст, ки барои тавлиди як бомб кофист. Манучеҳри Муттакӣ - вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз пешниҳодоти кишвараш ба қудратҳои ҷаҳонӣ барои музокирот доир ба барномаҳои атомиро ироа хоҳад кард. Эрон гуфтааст, дар ин пешниҳодот ба “чолишҳои байналмилалӣ”, аз ҷумла ҳамкориҳои ҳастаӣ расидагӣ мешавад, вале возеҳ кардааст, ки Теҳрон омодаи музокирот бар сари фаъолиятҳои баҳсбарангези ғанисозии ураниум нест.
XS
SM
MD
LG