Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Карзай аз натиҷаҳои интихобот


Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон имрӯз аз натиҷаҳои нопурраи интихоботи баҳсбарангезе истиқбол кард, ки дар он пешсаф аст. Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон, рӯзи сешанбе гуфт, ки бар асоси шумориши оро аз 90 дар сади қитъаҳои раъйдиҳӣ, Ҳомиди Карзай 54 дар сад ва рақиби аслии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ 28 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудаанд. Айни замон Кумиссиёни Шикоёти Интихоботӣ гуфт, “далелҳои возеҳу собити тақаллуб” дар интихоботро кашф кардааст. Ҳомиди Карзай, ки барои мондан дар мақомаш бояд бештар аз 50 дар сади ороро ба даст оварад, имрӯз Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистонро “ рӯҳи бетарафу содиқи миллӣ” хондааст.
XS
SM
MD
LG