Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Остона, потйахти Қазоқистон, ҳамоиши эътирозии гурӯҳи донишҷӯён пароканда карда шуда ширкатдорони он боздошт шуданд.

Субҳи чаҳоршанбеи 9- сентябр намояндагони ҷунбиши ҷавонон бо номи «Рух пен тил» (Рӯҳ ва забон) ба назди бинои парлумони Қазоқистон ҳозир шуданд, то номаашонро, ки дар он пароканда кардани парлумони якҳизбӣ талаб мешуд, ба ниҳоди қонунбарори кишвар биспоранд.

Онон дар нома зикр кардаанд, Қазоқистон соли оянда сарварии даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро бар дӯш мегирад ва барои ин кишвар парлумони якҳизбӣ комилан қобили пазириш нест. Зеро ба гуфтаи Ҷамбулот Мамай -- яке аз фаъолони ҷунбиши ҷавонон ҳизби ҳокими Нуротан дар интихоботи парлумонии соли 2007 бо тақаллубкории зиёд курсиҳои парлумониро соҳиб шуд, аз ин хотир танҳо чунин мешуморанд, ки ин парлумон бояд пароканда шуда, интихоботи нав баргузор гардад.

Ба андешаи Мамай, табиист, ки кишварҳои воқеан демократӣ намегузоранд, чунин кишвари дорои парлумони якҳизбӣ сарвари онҳо бошад.

Ҳамчунин дар нома зикр гардидааст, ки дар кишвар чанд қонун, мисли қонун дар бораи интихобот, қонуни аҳзоби сиёсӣ ва қонуни расонаҳои хабарӣ қабул шудаанд, ки онҳо на ба тақвияти озодиҳои инсон, балки боз ҳам неру гирифтани ҳокимияти худкома хидмат мекунанд.

Дар пойтахти кишвар ба чунин амали эътирозӣ даст задани ҷавононро Амирҷон Косанов -- муовини раиси Ҳизби сосиал демократии Қазоқистон пуштибонӣ намуда, афзуд, чунин бархӯрди ҷавонон баёнгари ин аст, ки аз нигоҳи сиёсӣ ва ахлоқӣ бесалоҳиятии ин парлумонро кайҳост ҳамагон дарк кардаанд.

Вай таъкид кард, ки ҷавонон аз ҳуқуқҳои қонунии хеш истифода карданд ва ин басо падидаи ибратбахш аст, зеро онон бо ин Қонуни асосӣ зиндагӣ мекунанд ва ин парлумон барояшон коро нест.

Вале аз сӯи дигар муовини раиси ҳизби сосиал-- демократии Қазоқистон изҳор кард, дар ҷомиа чунин назари иштибоҳомез ҷой дорад, ки гӯё бо рӯи кор овардани парлумони дуҳизбӣ ва ҳатто бисёрҳизбӣ метавон ба демократия расид. Аммо ин андеша чандон дуруст нест. Зеро парлумон дар Қазоқистон хидматгори ҳокимияти иҷроия аст ва аз ин хотир, ба андешаи оқои Косанов, бояд дар кишвар системаи сиёсиро тағйир дод, то ҳама рукнҳои ҳокимият мустақил бошанд ва тобеи як ниҳод ва ё як шахс нагарданд.

Намояндаи додситонии шаҳри Остона Угай изҳор кард, ки ин амали ҷавонон берун аз қонун сурат мегирад ва барои расонидани нома зарур нест, ки ба назди парлумон бо шиорҳо ҳозир шаванд ва метавон номаро ба дафтари парлумон фиристод.

Аммо номаи ҷовонони ҷунбиши «Рух пен тил» ба намояндагони парлумон нарасид. Ҷавононро кормандони пулис боздошт карданд. Вале ба гуфтаи намояндагони аҳзоби мухолиф, чунин намоиши эътирозӣ, ки дар пойтахти кишвар муддати зиёдест доир нагирдида буд, минбаъд дар дигар нуқоти кишвар идома хоҳад кард, зеро барои Қазоқистон ва мардуми кишвар нанг аст, ки бо парлумони якҳизбӣ ва қонунҳои зиддидемократӣ сарвари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гардад ва аз дигар кишварҳо талаби риояи демократия кунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG