Пайвандҳои дастрасӣ

Раддияи Русия дар бораи сафари Нетаняҳу


Баъди нашри гузоришҳо доир ба сафари махфии нахуствазири Исроил ба Маскав, ҳукумати Русия гуфт, Бенямин Нетаняҳу бо Владимир Путин - нахуствазир ва ё Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳури Русия, мулоқот накардааст. “Йедиот Аҳронот” рӯзномаи Исроил имрӯз навишт, ки Бенямин Нетаняҳу рӯзи душанбе ба Маскав сафар кардааст, то масъалаи фурӯши силоҳҳои русӣ ба Эронро баррасӣ намояд. Аммо ҳукумати Русия хабарҳо доир ба мулоқоти нахуствазири Исроил бо нахуствазир ва раиси ҷумҳури Русияро рад кард. Пештар аз ин рӯзномаҳои Бритониё гузориш доданд, ки гӯё хадамоти ҷосусии Русия ва Исроил ҳамроҳ аз нагузоштаанд, то системаи пурқудрати зиддимушакии ЭС – 300 аз Русия қочоқ шавад.
XS
SM
MD
LG