Пайвандҳои дастрасӣ

ОПЕК дар Вена ташкили ҷаласа мекунад


Вазирони кишварҳои узви ОПЕК созмони кишварҳои умдаи содиркунандаи нафт, имрӯз дар шаҳри Вена доир ба ҳаҷми арзаи нафт ба бозорҳои ҷаҳонӣ гуфтӯгу мекунанд. Бо онки қимати ҳар бушка нафт бештар аз 70 доллар шудааст, интизор меравад, арзаи нафти хом ба бозорҳои ҷаҳонӣ дар ҳаҷми ҳозираи он идома кунад. Аз охири соли гузашта, ки созмони ОПЕК ҳаҷми арзаи нафт ба бозори ҷаҳониро ба ҳаҷми рекордии 4, 2 миллион бӯшка дар як рӯз коҳиш дод, то кунун содироти нафти хомнро бетағйир гузоштааст.
XS
SM
MD
LG