Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори "Ню Йорк Таймс" раҳо шуд


Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон як гузоришгари рӯзномаи “Ню Йорк Таймс”-ро аз дасти одамрабоён раҳо кардаанд. Стивен Фаррел, шаҳрванди Бритониёро, рӯзи шанбе ҳангоми сафараш ба маҳалли ҳамлаи мушакии нерӯҳои НАТО дар шаҳри Қундуз ҳамроҳи тарҷумонаш рабуданд. Абдулвоҳид Умархиёл – раиси ноҳияи Чордараи Қундуз гуфт, нерӯҳои НАТО хабарнигори ғарбиро зимни як амалиёт шоми сешанбе раҳо кардаанд. Вай доир ба сарнавишти тарҷумони Стивен Фаррел чизе нагуфт, аммо бино ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҷангҷӯёни Толиб ҳангоми амалиёт ӯро куштаанд.
XS
SM
MD
LG