Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёвари аршади Мӯсавиро дастгир кардаанд


Маъмурони амниятии Эрон Алиризо Биҳиштӣ - яке аз мушовирони аршади Мирҳусайни Мӯсавӣ, раҳбари мухолифинро боздошт кардаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, Алиризо Биҳиштиро рӯзи сешанбе дар шаҳри Теҳрон дастгир кардаанд. Вай кумиссиёни махсуси мухолифинро раҳбарӣ мекунад, ки ба таҳқиқи қазияи табъизи тазоҳургарони тазоҳуроти пас аз интихоботи баҳсбарангези моҳи июн машғул аст. Рӯзи сешанбе маъмурони амниятӣ ҳамчунин ба дафтари Меҳдӣ Каррубӣ - номзади дигар ба мақоми раёсати ҷумҳур ворид шуда, санадҳои онҳоро бо худ бурданд. Муртазо Алвирӣ, яке аз ёварони Каррубиро дар хонааш дар шаҳри Теҳрон дастгир кардаанд. Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ мегӯянд, дар интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон ба нафъи Маҳмуди Аҳмадинажод тақаллуби зиёде сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG