Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйҳои Карзай ба 54,1 дарсад расид


Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон, баъд аз баршумурдани беш аз 91 дар сад раъйҳо бартарии Ҳомид Карзай дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ бештар шуд ва акнун 54,1 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст. Гуфта мешавад, аз тақрибан 5 миллион 470 ҳазор афроди соҳиби ҳаққи раъй беш аз 2 миллион нафар аз Ҳомид Карзай ва 1 миллиону 547 хазор нафар аз рақиби аслии ӯ, вазири пешини умури хориҷии Афғонистон Абдуллоҳ Абдулоҳ пуштибонӣ кардаанд. Ва аммо Комиссиюни мустакили интихоботи Афгонистон бояд як теьдод раъйҳоро такроран баршуморад, зеро дар бархе ҳавзаҳо далелхои зиёди такаллуб ошкор шудааст.
XS
SM
MD
LG