Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ интихоби раиси маҷлиси Молдоваро дуруст шуморид


Додгоҳи Қонуни асосии Молдова даъвои Ҳизби коммунисти кишвар дар бораи ғайриқонунӣ дар маснади раиси парлумон интихоб шудани раиси Ҳизби либералӣ Михай Гимпуро рад кард. Коммунистҳо ба чанд қонуншиканӣ дар нишасти аввали парлумон ва зимни пазируфта шудани Гимпу дар мақоми раиси маҷлис ишора карда буданд. Номзадии Гимпу аз сӯи чаҳор ҳизби ғарбгаро пешбарӣ шудааст.
Баъд аз чанд рӯз ваколатҳои раисиҷумҳур муваққатан ба раиси парлумон вогузор мешавад - мӯҳлати даври дувуми раёсати президенти феълӣ ва раҳбари коммунистҳои Молдова Владимир Воронин рӯзҳои наздик поён меёбад.
XS
SM
MD
LG