Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро Тоҷикистон барои сайёҳон амн нест?


Вазорати умури хориҷаи Озарбойҷон дар сомонаи худ навиштааст, Афғонистону Покистон ва Тоҷикистон барои ҷаҳонгардони кишварҳои хориҷӣ ба андозаи кофӣ амн нестанд. Вазорат мегӯяд, Афғонистону Покистон, ки акунун дастхуши ҳамлаҳо ва даргирии байни гурӯҳҳои мазҳабӣ шудаанд, хатари аслӣ барои ҷаҳонгардони хориҷӣ дониста мешаванд. Дар ин кишварҳо меҳмонсароҳо ва биноҳое, ки онҳоро созмонҳои байналмиллалӣ иҷора мекунанд, ҳадафи аслӣ қарор мегиранд. Вазорат меафзояд, бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон суботи вазъ таъмин аст, ин кшвари ҳаммарз бо Афғонистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои сайёҳон амн нест. Ин сомона навиштааст, Душанбе-пойтахт амн аст, вале миёни қочоқгарони маводи мухаддир ва марзбонон дар марз бо Афғонистон задухӯрдҳо сурат мегиранд.
XS
SM
MD
LG