Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар суқути чархболи қазоқӣ 10 нафар кушта шуданд


Бино ба гузориши матбуоти маҳаллӣ, як чархболи Қазоқистон бо 13 сарнишин дар ҷануби ин кишвар суқут кардааст. Гузоришҳо ҳокист, ки ин чархбол дар водие дар минтақаи ҷанубӣ бо номи Қазоқюрт ба замин сарозер шудааст. 10 нафар кушта, 3 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳодиса дар дарае дар наздикии марз бо Ӯзбекистон рух додааст. Ҳамаи сарнишинони ин чархбол кормандони КГБ ё кормандони амният будаанд. Сухангӯи ин ниҳоди амниятӣ мегӯяд, ҳадафи сарнишинони чархбол тақвияти амнияти марзи миёни Қазоқистону Ӯзбекистон будааст, зеро қаблан гузориш расида будааст, ки 6 марди мусаллаҳ ба нақша гирифтаанд, ки аз ин минтақаи марзӣ бигзаранд.
XS
SM
MD
LG