Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни солгарди истиқлол дар Тоҷикистон оғоз шуд


Пагоҳ, 9-ӯми сентябр Тоҷикистон 18-ӯмин солгарди Рӯзи Истиқлоли худро ҷашн мегирад. Дар остонаи ин ҷашн Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури ин кишвар ба мардуми Тоҷикистон паёми шодбош фиристод. Дар ин паём раиси ҷумҳур гуфт, шояд кишварҳои дигари Шӯравии собиқ истиқлолро нисбат ба Тоҷкистон соддатар соҳиб шуданд. Вале Тоҷикистон дар ин роҳ ҷанги дохилиро паси сар кард. Дар нимаи дуввуми имрӯз ба муносибати ҷашни истиқлол дар Кохи Борбади Душанбе ҷаласаи бошукӯҳ ва консерти идона оғоз шуд. Дар он ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Пратибҳа Патил-раиси ҷумҳури Ҳиндустон низ ширкат дорад.
XS
SM
MD
LG