Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Табибони тоҷик мегӯянд, шароити вазнини иқтисодиву иҷтимоӣ ва сахтиҳои зиндагӣ ба тавсеаи сил дар кишвар мусоидат кардааст.

Аз ҷумла густариши ин маризӣ дар миёни кӯдакону наврасон низ ба мушоҳида мерасад. Сафаралӣ Исмоилов, сардухтури беморхонаи кӯдаконаи бемориҳои сили шаҳри Душанбе, мегӯяд, дар як соли гузашта дар ин беморхона ҳудуди сад кудак муолиҷа гирифтанд.

Ба гуфтаи Сафаралӣ Исмоилов, дар аксар маворид кӯдакон ба ҳангоми тамос бо гирифторони ин беморӣ ва ҳамчунин дастрасии кам ба хӯрокҳои серғизову ба сар бурдан дар хонаҳои намнок боиси сироятёбии онҳо мешавад.

Оғои Исмоилов афзуд, сил бо роҳи ҳавоӣ-қатраӣ паҳн шуда, ангезандаи он аз шахси гирифтор ба одами солим тариқи сӯҳбат кардан, сулфаю атса задан мегузарад. Бемори шакли кушодаи сил, ки аз табобат канор мондааст, метавонад давоми як сол то 15 нафарро мубталои сил намояд.

Бино ба маълумоти маркази ҷумҳуриявии мубориза алйҳи сил, дар соли 2008-ум 315 нафар кӯдак ҳамчун силкасал сабт шудааст, ки аксарият аз оилаҳои камбизоатанд ...
Санавбар Каримова, модари ҷавон, ки фарзандаш тӯли чанд моҳ дар ин бемористони кӯдакона табобат гирифтааст, мегӯяд, манбаи сироят шавҳараш будааст, ки аз муҳоҷирати Русия баргаштааст.

Ба гуфтаи пизишкон, нишонаҳои нахустини бемории сил, ҳарорати начандон баланд, сурфаи зиёд, бемадорӣ, камиштиҳоӣ ва лоғарист, ки гуфта мешавад бо идомаи чунин ҳолат то як ҳафта ҳатман бояд аз ташхиси пизишкон гузашт.

Дар ҳамин ҳол чанд мусоҳиби навраси мо, ки дар бемористон ҳоло табобат мегиранд, гуфтанд, ки дар оилаҳои онҳо ҳатто то cе ва ё чаҳор узви хонавода гирифтори силанд.

Бобоҷон Шарифов, мудири шӯъбаи Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи сил, дар сӯҳбат бо «Ояндасоз» гуфт, барои комилан шифо ёфтан кӯдакон то ним сол дар ин бемористон табобат мегиранд. Аммо мусоҳиби мо меафзояд, дар баъзе ҳолатҳо метавонад ин беморӣ дигар бора низ хурӯҷ кунад.

Бино ба маълумоти маркази ҷумҳуриявии мубориза алйҳи сил , дар соли 2008-ум 315 нафар кӯдак ҳамчун силкасал сабт шудааст, ки аксарият аз оилаҳои камбизоатанд. Саъдулло Сайидо, раҳбари ҳамин марказ, гуфт, то имрӯз чанд ҳолати фавти кӯдакон бо ин беморӣ мушоҳида шудааст.

Сафаралӣ Исмоилов, сардухтури беморхонаи кӯдаконаи бемориҳои сили шаҳри Душанбе, мегӯяд, муҳимтарин воситаи ҷилавгирии сил дарёфти саривақти ва табобати пурраи он аст. Эми БСЖ, ки ба тифолон пас аз серӯзи таваллуд гузаронида мешавад, аз гирифтор шудан ба шаклҳои вазнини ин беморӣ эмин медорад.

Дар Тоҷикистон сил чун маризии иҷтимоӣ шинохта мешавад, ки бештар афроди дар сатҳи фақр қарордоштаро ба домани худ мекашад ва чиҳати ҷилавгирӣ аз паҳншавии он барномаи миллии муборизаи зидди сил роҳандозӣ шудааст. Ин барнома, ки барои иҷроишаш аз буҷаи кишвар маблағггузорӣ мешавад, хамчунин бо кӯмаки донорҳои хориҷӣ амалӣ мегардад

Гуфта мешавад, вазорати беҳдоштии кишвар як гурӯҳи кориеро таъсис додааст, ки барои 5 соли дигар барномаи фарогири мубориза алйҳи силро таҳия хоҳад кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG