Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай дар интихобот ба пешсафи ягона табдил ёфт


Шумориши бахше аз орои интихоботи расёсати ҷумҳурии Афғонистон нишон медиҳад, ки Ҳомид Карзай 54,1 дарсад рай ба даст овардааст. Ин интихоботро даъвоҳо дар бораи тақаллуби густарда тира кардааст. Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон эълон кардааст, ки то ҳол 91,6 дарсади оро шумурда шудааст. Бино ба маълумоти ин манбаъ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ-вазири пешини умури хориҷа ва рақиби аслии Карзай 28,3 дарсад рай гирифтааст.
XS
SM
MD
LG