Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷойгоҳи занон дар артиши Тоҷикистон


Ҷаннат Умарзода, лейтенанти хурд, 27 сол дорад ва беш аз як сол аст, ки дар артиши миллии вазорати дифоъи кишвар адои хизмат мекунад.

Фаъолияти хидматиашро ӯ бо хоҳиши худ новобаста аз монеъ шудани волидон шурӯъ кардааст, зеро ба ақидаи онҳо, низоми кор дар артиш мувофиқ ба зиндагии суннатии духтари тоҷик нест. Аммо ӯ бо қотеият корашро дар вазорат идома медиҳад, чун мегӯяд, пӯшидани либоси низомӣ орзӯи айёми кӯдакиаш будааст.

Ҷаннат мегӯяд, «кор дар артиш рӯзҳои аввал бароям нофаҳмо ва душвор буд, аммо бо кӯмаки бархе аз ҳамкоронам таҷрибаамро афзун ва нозукиҳои корро омӯхтам. Масалан мо рӯзҳои истироҳат мисли дигарон дар хона намешинем. Буданд лаҳзаҳое, ки мо рӯзҳои ид ба қисмҳои низоми мерафтем. Ин чиз ба волидонам писанд набуд, ки ҳатто рӯзи ид истироҳат намекунед. Аммо баъдан дар телевизор маро диданд ва боварашон омад».

Ба гуфти Ҷаннат, кор дар соҳаи низомӣ бонувонро ҷасур, худбовар ва бо масъулият карда, онҳо худро дигар ба қавли мардуми мушти пар эҳсос намекунанд. Дар миёни мардум ақидае ҳаст, ки нармдилию меҳрубонии зан монеи фаъолият дар соҳаи низомӣ мегардад, зеро ҷараёни кор дар ин ришта маъмулан сахтгириву сахтдастиро талаб мекунад.

Шумори заноне, ки хоҳиши кор дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳро доранд, рӯз аз рӯз меафзояд. Онҳо маъмулан дар қисмҳои низомии Вазорати дифоъ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амният кор мекунанд ...
Аммо ба гуфти сарҳанги хурд Ҷаннат Умарзода, зимни кор онҳо хеле меҳрубон ва гоҳе аз мардҳо ҳам серталабтар мешаванд. Вай мегӯяд, «мешавад ҳолатҳое ки на танҳо сарбоз, балки афсар низ аз душвориҳои хизмат ба танг меояду ба фишори сахти равони меафтад. Дар ин маврид танҳо бонувон метавонанд бо маслиҳат ва сӯҳбатҳои муфид кӯмак расонанд. Аммо дар ҳолатҳое, ки бояд фармон иҷро шавад, мо хеле ҷиддием».

Тибқи итилои мақомот, шумори заноне, ки хоҳиши кор дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳро доранд, рӯз аз рӯз меафзояд. Онҳо маъмулан дар қисмҳои низомии Вазорати дифоъ, Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи амният кор мекунанд.

Ҳусниябону Хушдилова, подполковники вазорати дифоъ, мегӯяд, агар аз як назар боло рафтани маоши кормандони низомӣ ва имтиёзоти гуногуни иҷтимоии боиси ҷалби таваҷҷӯҳи бонувон шуда бошад, аз сӯйи дигар бо пӯшидани либоси махсус, эҳсоси нерӯ ва баробари бо мардҳо, занонро ба дари қисмҳои низомӣ меорад.

Вай мегӯяд, «пештар аз қувваҳои мусаллаҳ духтарон меҳаросиданд. Ҳоло не. Баъд қаблан онҳо дониши хуб надоштанд, аммо ҳоло саводнокии духтарон низ боло меравад. Боз мо корҳои зиёди тарғиботиро тавассути радиову телевизион ба роҳ мемонем. Дидани мо бо либоси низомӣ ба духтарон бетаъсир намемонад».

Дар Тоҷикистон занони низомӣ ба рутбаҳои гуногун, назири подполковник, полковник ва генерал ҳам ноил шудаанд. Азҷумла дар Вазорати адлияи кишвар се бонуи генерал фаъолият мекунад. Коршиносон мегӯянд, ба даст овардани рутбаҳои низомӣ кори саҳл нест ва заҳмати шабонарӯзии чандинсоларо талаб мекунад.

Дар ин замина Ҳусниябону Хушдилова афзуд, барои низоми шудан пеш аз ҳама соҳиби иродаи устувор бояд буд. Вай гуфт, «бисёр духтароне буданд, ки хизмати ҳарбиро тарк карданд. Барои онҳо тоқат ва иродаи мустаҳкам намерасид. Зане, ки касби низомиро интихоб кунад, вай бояд дар назди худ савол гузорад, вақте ки ман либоси низомиро ба бар кардам, таёр ҳастам ё нестам, ки дар ҳама ҳолат ба кор омода бошам. Агар ҳамин чиз набошад, вай тоқат намекунад».

Дар Тоҷикистон занони низомӣ ба рутбаҳои гуногун, назири подполковник, полковник ва генерал ноил шудаанд. Азҷумла дар Вазорати адлияи кишвар се бонуи генерал фаъолият мекунад ...
Барои аксари занони тоҷик оила ва тарбияи фарзанд, нақши муҳиму созанда дорад ва одатан бештари духтарон карйера ва пешрафтҳои ба даст овардаашонро ба хотири хушбахтии оилавӣ қурбон мекунанд.

Аммо ҳамсуҳбатони ман Суҳайло ва Заррина аз кор дар қисмҳои низомӣ, зиндагии маъмулии занонаро авлотар медонанд. Суҳайло мегӯяд, «ҳама корашон ба зан мувофиқ нест. Ман намехостам дар ин самт кор кунам». Заррина гуфт, «маоши баланд ва вазифаҳои баланд ҳам диҳанд, ки кор намекардам. Аз силоҳ метарсам».

Дар ҳамин замина Озодаи Шамсулло, лейтенанти вазори дифоъ, ки 26 сола ва муҷаррад аст, гуфт, дар оянда ҳеҷ гуна маҳдудиятҳои шавҳар монеи фаолияташ нахоҳад шуд. Вай афзуд, «ман барои он таҳсил кардам, ки дар ҷомеа ҷойи худро ёбам. Пеш аз оиладор шудан мефаҳмонам, ки кор кардан мехоҳам».

Масъулин мегӯянд, маош ва масъулияти бонувон, дар қисмҳои низоми баробари мардҳост. Танҳо фарқ дар он аст, ки бо анҷом ёфтани соати корӣ ин бонувон либоси миллии тоҷикиро ба бар карда, ба хонаҳояшон мешитобанд то ба пайвандонашон ба зудтарин фурсат ифтор таҳия намуда, дигар корхои хонаро низ ба сомон расонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG