Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зане барои пӯшидани шим дар Судон зиндонӣ шуд


Имрӯз дафтари ҳуқуқи башари СММ дар Женева гуфт, маҳкум кардани зане дар Судон барои пӯшидани шим ё брюк нақзи муқаррароти байналмиллалист ва табъизи занон дар ин кишвари мусулмоннишин арзёбӣ мешавад. Руперт Колвилле-сухангӯи дафтари ҳуқуқи башари СММ дар Женева ба хабарнигорон гуфт, ки хонум Лубно Ҳуссейн-корманди собиқи СММ ва гурӯҳи дигари занон моҳи июл дар Хартум боздошт ва ғайриодилона ба додгоҳ кашонда шудаанд. Рӯзи душанбе хонум Лубно Ҳуссейнро барои риоят накардани қонуни ахлоқ гунаҳгор эълон карданд ва вай барои саркашӣ аз пардохти 200 доллар ҷарима як моҳ маҳкум ба зиндон шуд.
XS
SM
MD
LG