Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Бишкек рисолаи Абӯ Ҳанифа Нӯъмон ибн Собит, маъруф ба Имоми Аъзам, таҳти унвони «Китоб-ал-Муснад» мунташир шуд.

Алишер Собиров, депутати порлумони Қирғизистон, ки мақоми раҳбарии лоиҳаи нашри ин рисоларо бар дӯш доштааст, дар маросими муаррифии он гуфт, интишори «Китоб-ал-Муснад» бори аввал дар Қирғизистон ба забони қирғизӣ ба вуқӯь пайваст.

Вай афзуд, ҳадаф аз чопи ин рисола ошно кардани мардуми авоми қирғиз бо ҳадисҳои Абӯ Ҳанифа Нӯъмон ибн Собит аст, ки ба номи Имоми Аъзам шинохта шудааст. Ба гуфтаи Алишер Собиров, дар табъу нашри рисолаи ин фарди маъруф Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ саҳм гирифт.

Як иштирокчии маросими муаррифии рисолаи «Китоб-ал-Муснад» ба радои Озодӣ гуфт, ки вай нашри ҳадисҳои Имоми Аъзамро ба забони модариаш бо хушҳолӣ пазируфтааст. Ин хонум афзуд, ҳадисҳои Имоми Аъзам дар миёни мардуми қирғиз чандон омӯхта нашудааст ва маҳз ин рисола дар омӯзиш ва тарғиби ҳадисҳои ин фарди бузург хеле мусоидат хоҳад кард.

Асомиддин Саидов, сафири ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон, дар як сӯҳбати бидуни микрофон ба Озодӣ иброз дошт, ки иқдоми дастандаркорони нашри рисолаи «Китоб-ал Муснад»-и Абӯ Ҳанифа Нӯъмон ибни Собитро як ҳодисаи муҳими фарҳангӣ мешуморад.

Вай гуфт, хосатан ба забони қирғизӣ нашр шудани ин рисола ба ҳодисаи соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудани соли 2009 рост омад, ки қобили таҳсин аст.

Асомиддин Саидов дар нашри рисолаи Имоми Аъзам саҳм гирифтани ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ таҳти сарварии Равшанбек Собировро мояи ифтихори сафорати Тоикистон хонд.

Дар варақи аввали рисола фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дарҷ ёфтааст, ки перомуни соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кардани соли 2009 содир карда буд.

Ҳамчунин аз мутолиаи рисола бармеояд, ки зимни ба нашр омода кардани он тарҷумаи қирғизии китоби муқаддаси «Қуръони Карим» мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст. Ин тарҷума ба қалами шайх Алоуддин Абумансур тааллуқ дорад.

Рисолаи «Китоб»ал-Муснад»-ро нашриёти «Из Басма»-и шаҳри Бишкек мунташир сохтааст. Ёдовар мешавем, ки дар ин нашриёт чанде пеш тарҷумаи тоҷикии китоби «Қуръони Карим» ба теъдоди даҳ ҳазор нусха чоп шуда буд.

Аз ин теъдод 3 ҳазор нусха китоби «Қуръони Карим» ба минтақаҳои тоҷикнишини Қирғизистон интиқол ёфт ва 7 ҳазор нусхаи он ба Тоҷикистон фиристода шуд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG