Пайвандҳои дастрасӣ

Дар остонаи 18-умин солгарди рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон бахшҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар як нишасти мизи гирд дар бораи истиқлоли шахс дар ин кишвар, дастовардҳо ва мушкилоти он баҳс карданд.

Истиқлол ва Озодии шахс фитрист

Ба ақидаи сарони бахшҳои суғдии ҳизбҳои сиёсӣ, истиқлол ва озодӣ дар инсон фитрист. Аммо вазифаю кори давлати ҳар кишвар аст, ки ин нерӯи халлоқии инсонро рушд диҳад ва дар пешрафт ва шукуфоӣ истифода кунад ва ё истиқлоли аҳли ҷомеаро маҳдуд сохта, дар хидмати хостаҳои сиёсии худ гузорад.

Файзулло Файзиев, раҳбари демократҳои Суғд гуфт: «Ба интихоботҳо бисёри мардуми Тоҷикистон бо нишондод ва раҳнамоии касе меравад. Ё ки каси дигар варақаҳои интихоботии ҳамаи аъзои оиларо ба қуттӣ мепартояд. Ҳамин тавр, дар корхонаҳои давлатӣ ва шахсӣ одамони бемансаб аз баёни ақидаву фикри худ худдорӣ меварзанд. Чунки агар вай фикру ақидаи ба сардор мухолифи худро мустақилона баён кунад, зери тазйиқу фишор мемонад, ҳатто ки аз ҷойи кораш маҳрум мегардад.
Дар давлати тоталитари ё авторитарӣ истиқлоли шаҳрвандон ё боҷуръат будани онҳо ба гумон аст. Бубинед, имрӯз вақте ки мо раҳбарияти ҷумҳуриро пазироӣ мекунем, аз кӯдакони хурдсол то калонсолон ба ҷои он ки як фикр, пешниҳод ё хоҳиши худро гӯем, як соат мадҳи раҳбарият мекунем. Ин гуна ҷомеа, ки дар он мадҳу санои раҳбарият дар ҷои аввал меистад, чӣ тавр умеди пешрафт дошта метавонад ?»

Фарҳанги шукрона – меваи истиқлол?

Касби истиқлол дар соли 1991, эътирофи давлати Тоҷикистон аз сӯи 156 давлати ҷаҳон, низоми парлумонӣ, кафолати қонунии истиқлолиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, озодиҳои баён ва виҷдон ба шаҳрвандон ва то дараҷае таъмини он - инҳоро намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Суғд муҳимтарин дастовардҳое хонданд, ки давлати Тоҷикистон дар давраи баъд аз истиқлол (ба истиснои солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992 – 1997) касб кардааст.

Муҳаммадҷон Исомаддинов, сарвари созмони ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон дар Хуҷанд: «Мо шукронаи он мекунем, ки ба мо Худованд ду неъмати бузург дод: истиқлол ва президент. Бинобар ин мо боз ҳам шукронаи он мекунем, ки Тоҷикистон президент дорад, истиқлол дорад, озодии сухан дорад, хулоса - он чӣ ба инсон зарур аст, дорад. Фақат мо бояд муттаҳид шавем, аз як гиребон сар бароварда, кор кунем, диёрамонро обод кунем.»

Шаҳрвандони Тоҷикистон то куҷо истиқлол доранд?

Ба назари сарони аҳзоби сиёсӣ, дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз як табақаи миёнаи аз нигоҳи иқтисодӣ худкифо ва мустақилу озод ташккул наёфтааст. Аз ин рӯ, намешавад даъвӣ кард, ки замина барои истиқлоли воқеии шахс дар ин ҷомеа фароҳам аст.

Қурбонгул Мирзоева, муовини раиси ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ҳамзамон раҳбари бахши ин ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: «Иқтиқлоли сиёсӣ бештар дорем, то дараҷае фикру ақидаҳои худро ошкор баён карда метавонем. Вале як шахси нодор дар Тоҷикистон озодона ҷойи кор ёфта, бепул табобат гирифта ва таҳсил карда наметавонад.»

Таъмини озодиҳо ва истиқлоли шахс – шарти пешрафти ҷомеа

Ба гуфтаи сарони бахшҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар Суғд, танҳо давлате метавонад ба роҳи субот ва рушд ворид гардад, ки озодиҳо ва истиқлоли воқеии шаҳрвандони худро таъмин карда тавонад.

Илҳом Ёқубов, узви раёсати олии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт: «Имрӯз бо баъзе сармоягузорон, ки суҳбат мекунем, мегӯянд хоҳиши сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон надоранд. Вақте мепурсем: чаро намехоҳед, мегӯянд, дар ин ҷо озодӣ нест, агар ин ҷо як корхона бунёд кунам, чандин нафар аз идораҳои мухталиф меоянду аз ман пул талаб мекунанд. Яъне – истиқлол нест, озодии амал нест, пас, чи гуна ман дар ин ҷо сармояи худро ба кор андозам ?»

Дилбар Самадова, раҳбари сотсиал – демократҳои Суғд: «Вақте ки давлат истиқлоли шахсиятро дар ҷомеа маҳдуд мекунад, ин ба амнияти кишвар хатари ҷиддӣ дорад. Истиқлоли мардуми мо торафт ба ҷои боло рафтан паст шуда истодааст. Мо имрӯз хурсандӣ мекунем, ки соли раисҷумҳур соли 2010 – ро «соли маориф» эълон карданд. Вале «бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад». Мисолаш, имсол «соли Имоми Аъзам» эълон шуд, вале қонуни дине қабул кардем, ки ҳуқуқи динии инсонҳоро паст мезанад.»

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, аз масъулини созмони ҳизби наҳзати исломӣ дар Суғд: «Дастрасӣ надоштани ҷомеа ба маълумоти динӣ, маҳдуд кардани озодиҳои динии шаҳрвандон ва зиёда аз ин муносибати сарду фишор ба намояндагони дин ба афзудани гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ дар ҷомеа боис мегардад ва мубориза бо онҳоро дуҷори бунбаст мегардонад».

Наимҷон Самиев, сарвари бахши суғдии ҳизби наҳзат: «Оё чи гуна метавон аз кӯдаки як модари тоҷике, ки мақомоти интизомӣ ахиран дар Хуҷанд дар пеши чашми вай ҳиҷоби модарашро зери по афканда, дашном ва лату кӯбаш карданд, умеди нигаҳдошти эътидол дар ақидаи динӣ метавон дошт? Оё ин кӯдак фардо бо чӣ назаре ба мақомот нигоҳ хоҳад кард?»

Касби истиқлол - мушкил, нигаҳдошти он – мушкилтар

Файзулло Файзиев, раҳбари бахши суғдии ҳизби демократии Тоҷикистон: «Роҳи расидан ба истиқлоли воқеӣ ҳанӯз дур аст. Давлат бояд ба таъмини истиқлолияти иқтисодии шаҳрвандон бикӯшад. Ва ҷуръати онҳоро дар интихоб кардан ва баёни фикри худ тарбия намояд.»

Толиб Исмоилов, аз масъулини дигари ин ҳизб: «Мо мегӯем - давлати соҳибистиқлол, вале «бо ҳалво гуфтан даҳан ширин намешавад.» Мо бояд ҳар кадом саҳми худро барои соҳибистиқлол гаштани ватанамон гузорем. Ҳар шахс бояд соҳибихтиёр бошаду дар ҳама ҷо ақидаи шахсии худро бошад »

Абдумавлон Аъзамов, муовини раиси созмони ҳизби халқӣ - демократӣ дар Хуҷанд: «Огаҳии инсон аз чигунагии истиқлол як шарти дарёфти он аст. Ҳамагон дам аз истиқлол ва озодиҳои шахсӣ мезананд, вале бархе намедонанд истиқлоли воқеӣ чист ва чӣ имтиёзе ба инсон медиҳад.»

Оё шумо соҳибистиқлолед? Тест аз ҳизби демократӣ

Пешниҳод аз Толиб Исмоилов – намоянда аз ҳизби демократӣ:
«Дар беморхонаамон ман ба духтурони соҳибкасб гуфтам, ки шуморо фардо субҳ сардухтур ва ё сардори раёсати тандурустӣ дар утоқи кориаш – интизор. Баъд аз онҳо пурсидам, ки дар чанд соати то мулоқот ба сари шумо чӣ андешаҳо меомад? Яке гуфт, аҷаб нест, ягон бемор аз ман шикоят бурда бошад, ки хуб табобат накардам ё маблағ гирифтам. Мумкин, маро танбеҳ диҳанд, ҳатто аз кор биронанд… Ба ин монанд сухан мегуфтанд. Ин нишони истиқлол надоштани шахс аст. Агар вай мегуфт, ман як мутахассиси хуб ҳастам, маълумот, тахассуси олӣ, таҷрибаи зиёд дорам, бинобар ин мумкин маро барои ифтихорнома супоридан даъват карда бошанд ё ки мансабе пешниҳод кунанд ё рохҳат ба истироҳатгоҳ бидиҳанд. Чунки ман ба ин арзанда ҳастам. Агар ин гуна андешаҳо дар сари мусоҳиби шумо пайдо шавад, соҳибистиқлол будани ӯро аён месозад. Зеро ба назари ман, эҳсоси ифтихори шахсӣ ва ифтихори миллӣ аз рукнҳои аслии соҳибистиқлоли шахс ҳисоб меёбад. Бо ин гуна саволи санҷишӣ шумо ҳам метавонед дар корхонаато то кадом дараҷа истиқлол доштани ҳамкоронатонро муайн кунед.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG