Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар инфиҷоре дар фурудгоҳи Кобул 2 кас кушта шуд


Бино ба гузоришҳо аз Афғонистон, дар натиҷаи инфиҷори як мошини бамгузоришуда дар даромадгоҳи фурудгоҳи байналмиллалии Кобул, дастикам, 2 нафар кушта, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, қурбониёни ин инфиҷори интиҳорӣ ғайринизомиён будаанд. Сухангӯи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст. Вай гуфтааст, онҳо корвони мошинҳои НАТО-ро ҳадаф қарор додаанд ва се мошини низомӣ хароб шудааст. Нируҳои НАТО мегӯянд, ҳоло онҳо дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёте дар даст надоранд.
XS
SM
MD
LG