Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тамоси махфии гурӯҳи шӯришиёни афғон бо Ғарб


Гулбиддин Ҳикматёр-раиси Ҳизби Исломии Гулбиддин ва яке аз раҳбарони боломақоми гурӯҳи шӯришиёни афғон мегӯяд, вай бо мақомот ва сиёсатмадорони ғарбӣ робита дорад, то "роҳи ҳали мушкили Афғонистонро пайдо кунад". Ҳикматёр ҷангсолор ва нахуствазири пешин 7 сол нопадид буд. Ғайрат Баҳир-домоди Ҳикматёр, ки соли гузашта баъд аз 6 соли зиндон аз боздоштгоҳи Амрико раҳо шуд, ба хабаргузории (dpa) Ди Пи Эй-и Олмон дар Исломобод гуфтааст, ки Ҳикматёр бо мақомоти ғарбӣ, аз ҷумла бо мақомоти Британияву Олмон, тамосҳои ғайрирасмӣ доштааст. Гуфта мешавад, Ҳизби Исломии Гулбиддин бо Толибон ва ал Қоида робитаи наздик дорад.
XS
SM
MD
LG