Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ соҳибони "бомбҳои моеъ"-ро айбдор хонд


Додгоҳи Бритониё се нафарро дар кӯшиши инфиҷори ҳавопаймоҳо тавассути бомбҳои моеъ муттаҳам кард. Додгоҳи Вулвич Абдулло Аҳмад Алиии 28-соларо созмондиҳандаи сӯиқасд ба ҷони мусофирон тавассути бомбҳои моеъ хонд – гуфта мешавад, ҳамроҳ бо ӯ ду тани дигар Танвир Ҳусейн ва Асад Сарвар бомбҳоро ҳамчунин нушокӣ ба ҳавопаймоҳое мебурданд, ки аз Бритониё ба Иёлоти Муттаҳида парвоз мекарданд. Баъд аз ошкор шудани бомбҳои моеъ ширкатҳои ҳавопаймоии Аврупо вуруди ҳама гуна нушокиҳо ба ҳавопаймо аз сӯи мусофиронро маҳдуд карданд.
XS
SM
MD
LG