Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коммунистҳо интихоби Гимпуро зери шубҳа бурданд


Додгоҳи Қонуни асосии Молдова имрӯз мавзӯъи то куҷо қонунӣ будани интихоби раиси Ҳизби либералӣ Михай Гимпу ба мақоми раиси парлумони кишварро баррасӣ мекунад. Қонунияти интихоби Гимпуро Ҳизби коммунисти Молдова зери суол бурдааст – коммунистҳо ба чанд қонуншиканӣ дар нишасти аввали парлумон зимни пазируфта шудани ӯ дар мақоми раиси органи қонунбарори кишвар ишора кардаанд. Номзадии Гимпу аз сӯи чаҳор ҳизби ғарбгаро пешбарӣ шудааст.
Мақоми раиси парлумон баъди он аҳамияти вижа касб кардааст, ки пас аз чанд рӯз муваққатан аз ваколатҳои раисиҷумҳур бархурдор хоҳад шуд – мӯҳлати даври дуввуми раёсати президенти феълӣ ва раҳбари коммунистҳои Молдова Владимир Воронин поён меёбад.
XS
SM
MD
LG