Пайвандҳои дастрасӣ

Чавес бо Лукашенко музокирот мекунад


Уго Чавес, раисиҷумҳури Венесуэла, бо сафари дурӯза вориди Белорус мешавад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, музокироти ӯ бо раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ва дигар раҳбарони кишвар тарҳрезӣ шудааст, ки дар онҳо асосан мавзӯъи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ баррасӣ хоҳад шуд. Солҳои ахир Белорус ва Венесуэла робитаҳои наздик барқарор кардаанд, аз ҷумла, Минск дар кашфи чоҳҳои нафти Венесуэла ширкат мекунад.
Гуфта мешавад, ки Уго Чавес бори чаҳорум ба Белорус сафар мекунад. Александр Лукашенко ду сол пеш аз Венесуэла дидан карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG