Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷозеф Кеннедӣ барои курсии Сенат талош нахоҳад кард


Ҷозеф Патрик Кеннедӣ II, узви собиқи Конгресси Амрико ва бародарзодаи сенатори шодравон Эдвард Кеннедӣ изҳор намуд, ки барои курсии амакаш дар Сенат талош нахоҳад кард. Ӯ писари Роберт Кеннедист, ки соли 1968 бар асари як сӯиқасд кушта шуда буд. Ҷозеф Кеннедӣ чанд сол узви Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА аз аёлати Массачусетс буд ва айни ҳол созмони таъмини афроди фақир бо маводи сӯхтро сарварӣ мекунад.
Яке аз курсиҳои Сенати Амрикоро беш аз ним асри ахир яке аз намояндагони хонаводаи маъруфи Кеннедӣ ишғол мекунад. Солҳои ахир дар ин курсӣ Эдвард Кеннедӣ менишаст, ки 25 август дар синии 77 солагӣ аз олам даргузашт.
XS
SM
MD
LG