Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел оид ба ҳодисаи Қундуз суханронӣ мекунад


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел имрӯз дар парлумони кишвар дар робита ба ҳамлаи ҳавопаймои низомӣ ба ду мошини ҳомили маводи сӯхти аз сӯи Толибон рабудашуда дар вилояти Қундузи Афғонистон суханронӣ хоҳад кард. Ин ҳамла бо амри афсарони олмонӣ аз нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон сурат гирифта буд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Олмон, дар ин ҳодиса беш аз 50 нафар ба ҳалокат расидаанд ва аммо дар бораи теъдоди мушаххаси афроди мусаллаҳ ва мардуми осоиштаи кушташуда иттилоъи дақиқ мавҷуд нест. Толибон мегӯянд, ки дар ин ҳодиса 79 нафар кушта шудаанд. Низомиёни воломақоми Олмон дар посух ба иттиҳоми амалкарди хилофи меъёрҳои НАТО мегӯянд, ки тасмим дар бораи ҳамла дуруст буд.
Рӯзи якшанбе волии Қундуз Муҳаммад Умар ба хабаргузории Франс-пресс гуфта буд, ки бар асари таркиши мошинҳои ҳомили маводи сӯхт 6 сокини осоишта, аз ҷумла, як кудак, ба ҳалокат расидаанд. 48 нафари дигари кушташуда – мусаллаҳони мухолифи ҳукуманд. Бомдоди рӯзи ҷумъа ҳавопаймоҳои НАТО ду мошини ҳомили маводи сӯхти аз сӯи афроди мусаллаҳ рабудашударо бомбборон карданд. Ин мошинҳо маводи сӯхтро аз Тоҷикистон барои нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон мебурданд.
XS
SM
MD
LG