Пайвандҳои дастрасӣ

Комбахш-донишҷӯи рӯзноманигор аз зиндон раҳо шуд


Бино ба гузоришҳо аз Афғонистон, Парвизи Комбахш-донишҷӯи рӯзноманигор, ки соли гузашта барои тавҳини ислом ба зандон андохта шуд, аз зиндон раҳо шудааст. Комбахш барои чопи мақолае дар бораи зан дар ислом ба муҷозоти эъдом маҳкум шуда буд ва чунин иқдом нигарониҳои байналмиллалиро ба бор овард. Баъдтар ҳукми додгоҳ тағир ёфт ва вай ба 20 соли зиндон макум шуд. Имрӯз созмони Рӯзноманигорони бидуни марз таъйид кард, ки Парвизи Комбахш баъд аз имзои пинҳонии афве аз тарафи Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур аз зиндон раҳо шудааст. Ба гуфтаи хешовандони Комбахш, худи ҳамин рӯз вай Афғонистонро тарк кардааст.
XS
SM
MD
LG