Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Патил хостори мубориза бо террор шуданд


Хонум Пратибҳа Патил-раиси ҷумҳури Ҳиндустон, ки машғули боздид аз Тоҷикистон аст, аз ин кишвар хост, ки дар мубориза бар зидди терроризм аз Ҳиндустон ҳимоят кунад. Вай ин нуктаро баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе изҳор дошт. Хонум Патил гуфт, террорзим ба амнияти минтақа, чӣ ба амнияти Ҳиндустон, чӣ ба амнияти Афғонистон ва чӣ ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Мумбай яке аз шаҳрҳои бузурги Ҳиндустон соли гузашта аз аъмоли терористони минтақа осеб дида буд. Раҳмон дар посух чунин гуфт:
"Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мавриди масъалаи амнияту субот ва ҳамкориҳои минтақавӣ назари муштарак ё наздик ба ҳам доранд. Мо мубориза бо ду хатари ҷиддӣ, яъне террорзми глобалӣ ва қочоқи маводи мухаддирро ба нафъи суботу амният ва пешрафти минтақа медонем".
Боздиди раиси ҷумҳури Ҳиндустон аз Тоҷикистон пагоҳ низ идома меёбад. Вай мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадонро дар Кӯлоб зиёрат мекунад.
XS
SM
MD
LG