Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти муштзани машҳур бо ҷавонон


Раҳимқул Малахбеков, муштзани машҳури тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон ва дорандаи ҷоизаи олимпӣ бо донишҷӯён ва варзишгарони наврас дар Хоруғ мулоқот кард.

Раҳимқул Малахбеков мегӯяд, ки ҳамроҳи падару модараш Бадахшонро дар шасолагӣ тарк намуда, дар Душанбе ба варзиш шуғл варзидааст, аммо дар ҷумҳурии Қалмиқия Русия ном баровард ва акнун пас аз 29 сол ба ҳайси як сиёсатмадор аз зодгоҳаш дидан мекунад.

Раҳимқул Малахбеков изҳор дошт, ки ба дунболи муваффақиятҳо ва муаррифӣ намудани Қалмиқия дар мусобиқот акнун навбати дуввум аст, ки ба Думаи ҷумҳурии Қалмиқия вакил ва раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва фарҳанг интихоб шудааст.

Ба гуфтаи Малахбеков, бо истифода аз ваколат мехоҳад, ки онро ба нафъи таҳкими ҳамгироии варзишгарони тоҷик ва ҳамтоёнашон дар кишвари Русия истифода кунад ва дар тарбияи насли солими кишвар саҳм бигирад.

Раҳимқул ҷалби муштзанҳои тоҷик ба машқҳои омодагии дастаи якачини Русияро яке аз роҳҳои такмили малакаи варзишӣ арзёбӣ намуда гуфт, ки ба ин манзур қарор аст ду боксчии хуби наврас ва мураббиашон дар рӯзҳои наздик дар шаҳри Элиста пазироӣ шаванд.

Аз Раҳимқул пурсидам, ки аммо оё варзишгар дар курсии сиёсат метавонад муваффақ бошад. Ба фикри Раҳимқул, таҷрибаи кориаш собит сохтааст, фарде ки дар саҳнаи талошҳо арақи ҷабин резондааст, мушкилотро хубтар дарк ва дар ҳалашон кушиши бештар ба харҷ медиҳад.

Варзишгарони наврас мегӯянд, ки як соати машқ бо қаҳрамон барояшон таасуроти фаромушношудани боқӣ гузоштааст ва онҳо усулҳои зиёди ин намуди варзишро аз худ карданд.

Аҳмадбек Тоҳирбеков, як варзишгари наврас, афзуд, ки мулоқот бо қаҳрамон тасаввуроташро дар бораи бокс дигар кардааст.

Саъдоншо Ҷобаталишоев, донишҷӯи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Хоруғ, мегӯяд, дар симои Раҳимқул, ки бо интихоби роҳи дуруст ва заҳмат кашиданҳо тавонистааст дар арсаи варзиш ва сиёсат ҷойгоҳи сазовор пайдо кунад, рамзи талоши як ҷавони тоҷикро дар роҳи худшиносӣ дарёфтааст.

Раҳимқул мегӯяд, ки аз афзоиши шумори нашъамандон дар кишвар ва минтақа нигарон буда, ба хотир тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим тасмим гирифтааст, ки чанд рӯзҳои рухсатии меҳнатиашро пеш аз бозгашт дар зодгоҳаш ба сӯҳбату мулоқотҳо бо наврасон ва ҷавон бахшад.

Раҳимқул Малахбеков 35 сол дорад. Вай бо ҳамсараш як фарзандро тарбия мекунанд ва дар шаҳри Элиста – пойтахти Қалмиқия ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG