Пайвандҳои дастрасӣ

Ризояти Гурҷистону Туркия дар бораи капитани киштӣ


Чунин ба назар мерасад, ки Гурҷистону Туркия дар бораи сарнавишти капитани зиндонишудаи киштии туркӣ ба тавофуқ расидаанд. Ин киштӣ бо сарфи назар аз таҳримҳои иқтисодии зидди Абхозистон дар охири моҳи август ҳангоме, ки талош дошт, ба ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ маводи сӯхт интиқол диҳад, дар Баҳри Сиёҳ боздошт шуд. Капитани ин киштӣ ба 24 соли ҳабс маҳкум шудааст. Дар ин бора имрӯз дар Тифлис миёни вазирони умури хориҷаи Гурҷистону Туркия тавофуқ ҳосил шуд. Тасмими ниҳоӣ дар бораи раҳоии капитани ин киштӣ рӯзи сешанбе эълон мешавад.
XS
SM
MD
LG