Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бародеӣ:Эрон бо ожонс дар ҳолати "пат" қарор дорад


Муҳаммад ал Бародеӣ-раиси Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ мегӯяд, ҳамкории ин ожонс бо Эрон дар бораи барномаҳои ҳастиаш ба истилоҳи шатранҷӣ дар ҳолати "пат" қарор дорад. Вай аз Эрон хост, ки бо ожонс ҳамкории наздик дошта бошад ва масъалаҳои марбут ба барномаҳои зидду нақизи худро рӯшан кунад. Вай гуфт:

"Эрон бояд ба ҳамаи суолҳое, ки ожонс матраҳ мекунад, посухи зарурӣ диҳад, аз ҷумла дар бораи истисно будани тавоноии низомӣ дар барномаҳои ҳастаиаш".
Оқои Бародеӣ ин суханонро имрӯз дар Вена изҳор дошт, дар мулоқоти мудирони ожонс, ки аз 35 кишвар намояндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG