Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар чаҳорчӯби барномаи омбудсменҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфт.

Барномаи мазкур омӯзиш ва омода кардани 50 омбудсмени ҷамъиятӣ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистонро дар бар мегирад ва онҳо дар қабулгоҳҳои навтаъсис фаъолият хоҳанд кард. Ҳадафи ин барнома, ки созмони ғайридавлатии «Консортсиуми ҳуқуқӣ» рӯи даст гирифтааст, мусоидат ба тақвияти фаъолияти омбудсмен, яъне ваколатдори ҳуқуқи инсон ва беҳтар кардани вазъи дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон номида мешавад.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал–демократии Тоҷикистон ва раҳбари созмони «Консортсиуми ҳуқуқӣ», ахиран дар шаҳри Хуҷанд дар як маҳфили муаррифии барномаи мазкур гуфт, 50 омбудсмени ҷамъиятӣ, ки бо роҳи озмун аз қишрҳои мухталифи ҷомеа интихоб мешаванд, дар қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ то охири соли равон омӯзиш хоҳанд дид. Сипас фаъолияти онҳо ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи инсон, эҷоди эътимод ба қонун дар сокинон, роҳандозии ҳамкории миёни ҷомеа ва мақомот оғоз хоҳад ёфт.

Вай афзуд, дар қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ омбудсменҳои ҷамъиятӣ муроҷиат ва аризаҳои сокинонро қабул карда, ба мақомотҳои дахлдор, консорсиуми ҳуқуқӣ, омбудсмен, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ироа хоҳанд кард, ҳамчунин афроди ҷудогонаро ҳимоят мекунад . Ин барнома аз сӯи САҲА маблағгузорӣ шудааст.

Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки омбудсменҳои ҷамъиятӣ барои беҳбуди фазои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар кишвар мусоидат хоҳанд кард
Раҳматулло Зоиров гуфт, ниҳоди омбудсменҳои ҷамъиятӣ барои фаъолияти афроди фаъол ва адолатхоҳ ва хостори беҳбуди фазои дифоъ аз ҳуқуқи инсон имкони омӯзиш ва фаъолият дар ин самт фароҳам меорад, ҳамчунин дар сокинон эътимод ба қонун ва боварӣ ба дифоъи ҳуқуқи худро талқин мекунад.

Ба гуфтаи вай, афроди зиёд аз Душанбеву манотиқи дигари Тоҷикистон ба озмуни омбудсмени ҷамъиятӣ иштирок кардаанд ва дар анҷоми нимаи аввали моҳи сентябр озмун ҷамъбаст ва давраҳои омӯзишии омбудсменҳои оянда оғоз хоҳад ёфт.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи Суғд, гуфт, яке аз довталони омбудсмени ҷамъиятӣ шудааст. Вай афзуд, таъсиси чунин созмонро барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳимояти одамон муҳим мебинад.

Вале оё барномаи омбудсменҳои ҷамъиятӣ бо фаъолияти омбудсмене, ки аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон се моҳ қабл таъин шудааст, мухолифате нахоҳад дошт ?

Ба ақидаи оқои Зоиров, баракс омбудсменҳои ҷамъиятӣ ба ҳайси миёнҷӣ миёни ҷомеа ва мақомот фаъолияти ваколатдори ҳуқуқи инсонро тақвият хоҳанд бахшид ва дар ин маврид миёни ӯ ва ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шудааст.

Матлабшо Сангканов, намояндаи Омбудсмени Тоҷикистон, низ муҳимияти барномаи омбудсменҳои ҷамъиятиро таъкид кард, вале гуфт, ин чизи нав ва ҳанӯз ноомӯхта дар кишвар аст .

Се моҳ қабл раисҷумҳури Тоҷикистон Зариф Ализодаро омбудсмен таъин кард. Аммо ҳайати ин ниҳод дар чанд рӯз пеш, иборат аз 20 нафар интихоб шуд. Вале то кунун ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нагуфтааст ба ҳалли кадом мушкили ҳуқуқии фарогири ҷомеа ва ё афроди алоҳида даст ёфт.

Бо он шумори кормандоне, ки ба ин ниҳод {Омбудсмен} дода шудааст, иҷрои он вазифаҳои бузурге, ки дар наздаш гузошта шудааст, номумкин аст ...
Дар робита ба ин Бузургмеҳр Ёров, раиси коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон – «Сипар», мегӯяд, «бо он шумори кормандоне, ки ба ин ниҳод дода шудааст, иҷрои он вазифаҳои бузурге, ки дар наздаш гузошта шудааст, номумкин аст. Бояд ин ниҳод дар тамоми маҳалҳо дастгоҳи муайян ва кормандон дошта бошад. Вале 50 омбудсмен ҷамъиятӣ бо ошкор намудани он норасоиву ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар ҷомеа ҷой дорад, ба ваколатдори расмии ҳуқуқи инсон кӯмак расонанд».

Вале хадамоти омбудсменҳои ҷамъиятӣ бо фарқ аз омбудсмени расмӣ дар Тоҷикистон умдатан хусусияти пешниҳодӣ ва маслиҳатӣ хоҳад дошт. Ҳамзамон, ваколатдорони ҷамъиятии ҳуқуқи инсон ба корафтодагоне, ки ҳуқуқашон поймол шудааст, бо расонидани ёриҳои ҳуқуқӣ ва иштирок дар мурофиаҳои додгоҳӣ ба ҳайси вакили мудофеъ метавонанд амалан кӯмак бикунанд.

Инчунин, ба гуфтаи раҳбари созмони «Консортсиуми ҳуқуқӣ», омбудсменҳо метавонанд аз кӯмаки ҳамтоёни ҷамъиятии худ дар таҳияи гузориши солона барои порлумони Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи инсон дар кишвар ва роҳҳалли онҳо истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG