Пайвандҳои дастрасӣ

Капитани киштии туркӣ дар Гурҷистон раҳо мешавад?


Имрӯз Аҳмет Довутуғлу-вазири хориҷаи Туркия аз Гурҷистон боздид мекунад. Интизор меравад, ки вай раҳоии капитани киштии туркиро, ки дар Гурҷистон зиндоӣ шудааст, тақозо кунад. Ин киштӣ бо сарфи назар аз таҳримҳои иқтисодии зидди Абхозистон дар охири моҳи август ҳангоме, ки талош дошт, ба ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ маводи сӯхт интиқол диҳад, дар Баҳри Сиёҳ боздошт шуд. Капитани ин киштӣ ба 24 соли ҳабс маҳкум шудааст. Довутуғлу ҳафтаи гузашта гуфт, дар сурати пардохти 18 000 доллар ҷарима капитани киштӣ аз зиндон раҳо хоҳад шуд. Интизор меравад, ки Довутуғлу бо раиси ҷумҳур ва нахустваири Гурҷистон дидор ва гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG