Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд марзбони қочоқчӣ маҳкум ба зиндон шуд


Бино ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҷаббор Худойназаров-прапоршики нируҳои марзбонӣ дар посгоҳи марзии "Маданият"-и вилояти Суғд ва Маҳмуд Мизоев-сокини бекори шаҳри Хуҷандро барои тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳгор эълон кард. Худойназаров ба 15 сол ва Мирзоев ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳамчунин дороии ин ду нафар, ки аз қочоқи маводи мухаддир ба даст омадааст, мусодира мешавад. Ин ду нафар ҳангоми ба савдо задани як миқдор маводи мухаддир боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG