Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давраи дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз шуд.

Бозии дастаҳои муддаъии унвони қаҳрамонӣ «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бозии марказии даври 10-уми мусобиқа ба шумор мерафт. Ин бозӣ, ки 5-уми сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи «Вахш» ба анҷом расид. Голро ҳамлагар Нӯъмон Ҳакимов дар дақиқаи 83-юм ба самар расонд. Воқеъан, голи Нӯъмон, ки ба дастааш пирӯзӣ овард, беҳтарин тӯҳфа барои ӯ дар зодрӯзаш буд (Нӯъмон 5-уми сентябр 31-сола шуд).



Бояд тазаккур дод, ки дар замони изофии таъинкардаи сардовар, пас аз ҳуҷуми меҳмонон тӯб вориди дарвозаи мизбонон шуд. Сардовар Рустам Холов ба мобайни майдон ишора намуд, яъне голро ҳисоб кард. Вале пас аз машварат бо ёвари худ, довари марзи майдон Мустафо Исломов, сардовар голи Комил Саидовро ба ҳисоб нагирифт. Зеро Исломов сардоварро бовар кунонд, ки меҳмонон қабл аз ин дар ҷаримагоҳ қоидаи бозиро вайрон карда буданд ва ӯ байрақчаашро бардошта буд, вале Холов дар ин маврид ба сӯи ёвари худ чашм надухта буд.

Аз ин ҳукми доварон роҳбарону мураббиён ва футболбозони «Регар» ТадАЗ ба хашму ғазаб омада, бархе аз онҳо доваронро дашном дода, латукӯб карданд. Ба гуфтаи Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин рафтори ношоистаи онҳо дар ҷаласаи кумитаи одоби Федератсия баррасӣ хоҳад шуд. Оқои Аҳмадов афзуд, дар навбати худ дастаи «Регар» ТадАЗ аз болои доварони бозӣ номаи эътирозӣ навишта, навори бозиро пешниҳод кардаанд, ки ин масъала низ дар комиссияи коршиносӣ-доварии Федератсия мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ дарвозаи дастаи «Вахш»-ро барои аввалин бор Фарҳод Юлдошев, легионери 29-сола аз Узбакистон, ҳимоя кард.

Дар бозии дигар «Хуҷанд»-и Хуҷанд, пешсафи ҷадвали мусобиқа, бо дастаи меҳмон – «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров – қувва озмуд. Голи аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра задаи Пирмурод Бурҳонов дар дақиқаи 80-ум тақдири бозиро ба нафъи мизбонон ҳал кард.

Дар ду бозии дигари даври 10-ум низ мизбонон пирӯз шуданд. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бар «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Голҳоро аз дастаи «Равшан» Бекмурод Камолов (дақиқаи 22-юм), Зокир Абдулхайров (74-ум) ва Давлат Самадов (80-ум) ва аз дастаи «Гвардия» Фарҳод Норбоев (85-ум) заданд. Футболбозони «Гвардия» дар ин бозӣ таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Рашид Мифтахов, ки аз Қирғизистон даъват шудааст, ҳунарнамоӣ карданд.

«Энергетик»-и Душанбе ба дарвозаи ССКА «Помир»-и Душанбе чаҳор голи беҷавоб зад. Шодибек Ғаффоров (дақиқаҳои 34-ум ва 40-ум) ва Шавкат Ҳотам (57-ум ва 72-юм) дуголӣ ба ҳадаф расонданд.

«Истиқлол»-и Душанбе бидуни бозӣ бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд, зеро рақибаш – дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар давраи дуввуми мусобиқот даст кашидааст.

Дастаҳои «Хуҷанд» ва «Вахш» 25-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Хуҷанд» дар ҷои аввал ва «Вахш» дар ҷои дуввум қарор доранд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Хуҷанд»

10

8

1

1

23-7

25

2.

«Вахш»

10

8

1

1

19-8

25

3.

«Регар» ТадАЗ

10

6

2

2

18-9

20

4.

«Истиқлол»

10

6

2

2

20-13

20

5.

«Энергетик»

10

4

1

5

25-17

13

6.

«Парвоз»

10

3

4

3

12-11

13

7.

«Равшан»

10

3

2

5

17-18

11

8.

«Спитамен»

10

1

3

6

9-20

6

9.

«Гвардия»

10

1

2

7

5-32

5

10.

CСKA «Помир»

10

0

2

8

7-23

2

Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов («Вахш») – 9-гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 8 гол, Пирмурод Бурҳонов («Хуҷанд») – 7 гол, Хуршед Маҳмудов («Регар» ТадАЗ), Баҳодур Шарифов («Хуҷанд») ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 6-голӣ.

Бозиҳои даври 11-ум: 12-уми сентябр – ССКА «Помир» - «Хуҷанд», «Гвардия» - «Энергетик», «Парвоз» - «Вахш», 13-уми сентябр – «Регар» ТадАЗ – «Истиқлол».

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG