Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиён: Ҳамлаи ҳавоӣ дар Кундуз қонунӣ буд


Бар асари ҳамлаи ҳавоӣ ба ду мошини ҳомили сухт дар вилояти Қундуз даҳҳо нафар кушта шуданд
Бар асари ҳамлаи ҳавоӣ ба ду мошини ҳомили сухт дар вилояти Қундуз даҳҳо нафар кушта шуданд

Низомиёни нерӯҳои байнулмилалӣ иттилоъ дар бораи ғайриқонунӣ сурат гирифтани зарбаи ҳавоӣ ба мошинҳои бо маводи сӯхт дар Қундузро рад карданд.

Дар гузоришҳо бо такя ба натиҷаи таҳқиқ гуфта шудааст, ки ҳангоми судури амри анҷоми зарба низомиён меъёрҳои НАТО-ро вайрон кардаанд.

Ва аммо сухангӯи нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон генерал Эрик Трембл гуфт, муфаттишони НАТО рӯзи ҷумъа, 4-уми сентябр, аз маҳалли ҳодиса дар вилояти Қундузи Афғонситон дидан карданд ва то ҳол иттилое аз сӯи онҳо пахш нашудааст.

Ҳавопаймои амрикоӣ бомдоди рӯзи ҷумъа ду мошини ҳомили маводи сӯхтро дар Кундуз замоне ҳадафи бомбборон қарор дод, ки чирикиҳои толиб ин мошинҳоро тасарруф карда, маводи сӯхти онро миёни мардуми маҳаллӣ тақсим мекарданд.

Миёни 54 тани кушташуда шаш сокини маҳаллӣ, азҷумла як кӯдак, ... ва 48 шахси дигари кушташуда мусаллаҳони мухолифи ҳукумат будаанд ...
Муҳаммад Умар, волии Кундуз, дар як сӯҳбати телефонӣ ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс иттилоъ додааст, ки миёни 54 тани кушташуда шаш сокини маҳаллӣ, аз ҷумла як кӯдак, будаанд.

Вай афзуд, ки ронандаи мошини боркаш ва фарзандаш қаблан аз дасти Толибон ба қатл расиданд. Муҳаммад Умар ҳамчунин гуфт, ки 48 шахси кушташуда мусаллаҳони мухолифи ҳукумат буданд.

Қаблан рӯзномаи “Вошингтон пост” навишта буд, ки эҳтимол дорад фармондеҳи олмоние, ки фармони анҷоми зарбаи ҳавоиро дода буд, меъёрҳои НАТО-ро вайрон кардааст, зеро фармонро дар асоси иттилои фақат як манбаи иктишофӣ содир шудааст.

Ин рӯзнома мегӯяд, муфаттишони НАТО дар натиҷаи таҳқиқи ҳодиса тахмин мезананд, ки бар асари зарбаи ҳавопаймо наздик ба 125 нафар ба ҳалокат расидаанд ва беш аз 20 танашон мардуми осоишта буданд.

Дар ҳамин ҳол раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, ҳадаф қарор додани мардуми осоишта ғайриқобили қабул аст ва афзуд, ки барои таҳқиқи ҳодиса гуруҳи бозрасони худро эъзом кард.

Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон низ тасмим гирифтааст имрӯз ҳайати таҳқиқотии худро ба маҳали ҳодиса фиристад. Дар ин бора раиси ниҳоди вижаи таҳқиқотии ин комиссия Муҳаммад Ҳомоюн Ҳошимӣ хабар дод.

Фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенли МакКристал ваъда дод, ки ин ҳодисаро таҳқиқ хоҳад кард.

Давлати Афғонистон ва пуштибонони ғарбии Кобул дар ташвишанд, ки ҳалокати мардуми осоишта метавонад хашму ғазаб алайҳи нерӯҳои байнулмилалиро дар Афғонистон бештар кунад.

Бино ба хабарҳо, фазо дар маҳалли ҳодиса дар рӯзи шанбе, ки мардум кушташудагонро ба хок месупурданд, мутташанниҷ буд. Бадани баъзе аз кушташудагон қариб тамоман сӯхта, ташхиси ҳуввияти онҳо ғайримумкин шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфтааст, агар дар натиҷаи зарбае, ки анҷоми онро фармондеҳи олмонӣ содир кардаст, ҳатто нафари осоишта ба ҳалокат расида бошад, ӯ амиқан мутассиф хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG