Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Милани Итолиё аз 7 муштзани тоҷик танҳо 1 нафар – Мададӣ Нағзибеков - муборизаро идома хоҳад дод.

М. Нағзибеков, ки дар вазни то 64 кг дар нахустин қувваозмоии худ муштзани Того Тонде Сароунаро аз рӯи холҳо бо натиҷаи 14:4 мағлуб сохт, дар даври дуввум 8-уми сентябр бо Сотолонго Иглесиаси кубагӣ рақобат мекунад.

Вале муштзанҳои тоҷик Анвар Юнусов дар вазни то 54 кг, Ҷаҳонгир Убайдуллоев дар вазни то 69 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг дар даври дуввум шикаст хӯрданд.

Анвар Юнусов, ки дар вазни то 54 кг бар Ҷитендер Кумар, аз Ҳиндустон, ғолиб шуда буд, дар даври дуввум аз Чатчай Бутди (Тайланд) аз рӯи холҳо бо ҳисоби 5:7 мағлуб гашт.

Ҷаҳонгир Убайдуллоев пас аз пирӯзӣ бидуни қувваозмоӣ бар Бруно Бонконго (Ҷумҳурии Африқои Марказӣ), ки аз қувваозмоӣ даст кашид, дар даври баъдӣ аз Торбен Келлери олмонӣ аз рӯи холҳо бо ҳисоби 5:14 шикаст хӯрд.

Ҷаҳон Қурбонов, ки дар даври аввал бар муштзани Словения Борут Слапник бо ҳисоби бузурги 12:0 ғалаба карда буд, дар даври дуввум бо Виталиус Субакиуси литвонӣ қувва озмуд. Раунди аввал бо ҳисоби 3:3 хотима ёфт. Раунди дуввум бо пирӯзии муштзани тоҷик бо ҳисоби 6:5 анҷом пизируфт. Дар ҷараёни раунди севвум низ ҳисоб 6:2 ба фоидаи Қурбонов буд. Вале пас аз 2 дақиқаю 59 сонияи раунди севум бинобар бартарии комили Субакиус довар қувваозмоиро қатъ кард ва дасти муштзани литвониро ҳамчун ғолиб боло бардошт.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзҳои аввали мусобиқа се муштзани дигари тоҷик шикаст хӯрда буданд. Ораз Авзалшоев дар нахустин қувваозмоӣ аз намояндаи Покистон Муҳаммад Вассим аз рӯи холҳо бо ҳисоби 7:13,
Баҳодур Каримов дар вазни то 60 кг аз Эрик Донован, аз Ирландия, бо ҳисоби 4:13, Ҷасур Қурбонов дар вазни то 75 кг аз варзишгари Сербия Никола Ҷованович бо ҳисоби 10:16 мағлуб шуда буданд.

Қаҳрамонони ҷадиди бокси ҷаҳон дар сабқати ниҳоӣ аз рӯи 11 вазн 12-уми сентябр муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG